Ба камбизоатони пойтахт гӯшт ба таври ройгон расонида мешавад
Таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи якуми август дар Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор шуд.
Тавре Шавкат Сайидов, сухангӯи мири шаҳр ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар нишаст ба ҷуз масъулини шаҳрдорӣ, намояндагони бахши савдо ва тиҷорати шаҳр, аз ҷумла соҳибкорони ба интиқол ва фурўши маҳсулоти гўштӣ ва маводи сўзишворӣ машғулиятдошта, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ иштирок намуданд.
Манбаъ афзуд, Маҳмадсаид Убайдуллоев тибқи оини шаҳрдорӣ кулли соҳибкорони дар бозори истеъмолии пойтахт фаъолиятдоштаро ба инсофу эҳтироми рисолати моҳи мубораки Рамазон даъват намуда, директорони бозорҳои коммуналии шаҳр, иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва 20 нафар соҳибкорони растаи гўштфурўшии маҳаллаи 33-юми шаҳрро, ки барои таъминоти аҳолии шаҳр бо гўшт аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳрӣ қарзҳои бефоиз дарёфт намудаанд, муваззаф сохт, ки бо нархи ҷории 23 сомонӣ фурўши гўшти хушсифати говро дар шаҳр ба роҳ монанд.
Дар ин росто муқаррар гардид, ки баҳри дастгирии оилаҳои камбизоат ва муассисаҳои иҷтимоии шаҳр тадбирҳои муассир роҳандозӣ карда шаванд. Бо ин мақсад бобати ҳамовозӣ ибтикороти роҳбари растаи гўштфурўшии маҳаллаи 33-юми шаҳр оид ба ҳамарўза 1 тонна гўшти гўсфанд бо нархи 23 сомонӣ барои муассисаҳои иҷтимоии шаҳр ва иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҳамарўза 1 тонна гўшти гов бо нархи 22 сомонӣ барои оилаҳои камбизоат дар асоси рўйхати шаҳрдорӣ ҷонибдорӣ карда шуд. Дар ин радиф роҳбарони бозорҳои коммуналӣ ҳамарўза 10 кг, «Корвон», «Панҷшер» ва «Ганҷина» ҳар кадоме 30 кг ва дигар бозорҳои хусусӣ ҳар кадоме ҳамарўза 5 кг гўшти хушсифати говро тибқи рўйхати шаҳрдорӣ ба оилаҳои камбизоат тариқи ройгон дастрас намоянд.{jathumbnail off}