баргард чоп кардан

Мастчо: Кӯдаки ноболиғ зери чархи мошин монд

Як кӯдаки шашсола дар ноҳияи Мастчо бар асари садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид.


Тибқи иттиллои ВКД, дирӯз  соати 06.30 «ронанда»-и автомашинаи тамғаи «ЗИЛ-130» Муҳаммадали Раҳмонзода Азизи 19 сола аснои ҳаракат дар кӯчаи  Н.Хисрави ҷамоати  Оббурдон бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ Бибиоиша Файзиеваи 6- соларо пахш намудааст.  Дар натиҷа Бибиоиша Файзиева ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Гуфта мешавад, ки Муҳаммадалӣ Раҳмонзода, сокини  ҷамоати Оббурдон, хонандаи синфи 10-и мактаби таҳсилоти умумии №17, бе шаҳодатномаи ронандагӣ будааст.  {jathumbnail off}