Бозгашти Муҳиддин Кабирӣ аз Туркия ба Тоҷикистон
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва вакили парлумон, ки тақрибан ду ҳафтаи охир дар Туркия ба сар мебурд, ба Душанбе бозгаштааст.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи раиси парлумон, дар як сӯҳбати телефонӣ бо “Озодагон” гуфт, оқои Кабирӣ субҳи душанбеи 11 ноябр дар ҷои кори худ ҳузур дошт. Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 1 ноябр дар сӯҳбат бо “Озодагон” хабарҳо дар бораи гӯиё кӯч бастанаш ба Туркияро рад карда буд. Ӯ гуфта буд, бо истифода аз таътиле, ки парлумон барои намояндагони мардумӣ дар давраи таблиғи номзадҳо ба мақоми президентӣ додааст, танҳо чанд муддат дар назди фарзандонаш дар Туркия монда ва сипас ба Ватан боз мегардад.
Оқои Кабирӣ дар идома гуфт, ҳарчанд таҳсили фарзандонаш дар хориҷ ва сафарҳои доимии ӯ чизи нав нест, “вале матраҳ шудани ин мавзӯъ имрӯзҳо шояд дар заминаи баъзе фишорҳо болои ҳизб, парвандаи тӯлонии экологӣ дар маҳкама ва фишорҳои иқтисодӣ болои хешу табор ва наздикони мо ба вуҷуд омадаанд”. Вай илова кард, “албатта, дӯстдорони паҳн кардани овоза ҳам кам нестанд. Воқеият ин аст, ки рӯзҳои наздик ҳатман бармегардам ва ба фаъолияти рӯзмарраи худ мисли пешина давом хоҳам дод.”