баргард чоп кардан

Душанбе: Имомхатибон ба бозорҳои пойтахт вобаста мешаванд

Имомхатибон ва муллоҳо  барои ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ  даъват шудаанд.


Тибқи иттиллои сухангӯи райиси шаҳри Душанбе, Шавкат Сайидов барои тақвияти корҳои оммавӣ дар моҳи шарифи Рамазон ва даст задан ба кори хайрот ва  аз рўи инсоф кор гирифтан дар савдои молу маҳсулот дар ҷаласаи ахири шаҳрдорӣ тасмим гирифта шуд, ки потенсиали имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи Душанбе дар маъракаи мазкур фаровон раҳнамун карда шавад. Бо ин мақсад муқаррар гашт, ки дар бозорҳои коммуналӣ  имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва дар бозорҳои хусусӣ имомхатибони масҷидҳои панҷвақта вобаста карда шаванд.

Дар робита ба масъалаи маводи сўзишвории нақлиётӣ дар ҷаласа  соҳибкорон иқдом намуданд, ки дар моҳи Рамазон шурўъ аз 2 августи соли ҷорӣ дар ҳама нуқтаҳои фурўши маводи сўзишворӣ дар шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ 1 литр  бензини навъи АИ-92 бо нархи 6 сомонию 20 дирам ва гази моеъро бо нархи 2 сомонию 90 дирам ба фурўш мегузоранд.{jathumbnail off}