баргард чоп кардан

Забту мусодираи 1 кило ҳероин дар шимоли Тоҷикистон

Аз РКД-и вилояти Суғд ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» иттилоъ доданд, ки сокини маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд  бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир гардидааст.


Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз борхалатаи дастии З.Т- и 21-сола маводи зардранги бӯи махсусдошта дарёфт ва мусодира карда шудааст. Мувофиқи маълумоти шӯъбаи ташхиси криминалӣ ин мавод ҳероин буда, вазнаш 1 килову 35 грамро ташкил додааст.  
Оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ  бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии  воситаҳои нашъадор оғоз гардида, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}