баргард чоп кардан

Дар охир... ба Раҳмон 84,23... ба Исмонов 1,05% овоз расид

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, имрӯз, 13-уми ноябр натиҷаҳои ниҳоии интихоботи раисиҷумҳурро, ки 6-уми ноябр баргузор гардид, эълон намуд.

Ба иттилои ин ниҳод миёни 6 номзад, ки дар бюллетени интихобот дохил гардидаанд, овозҳои интихобкунандагон ба таври зайл тақсим шуданд:

1. Бобоев Олимҷон, номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, тарафдор 143231 нафар ё 3,82%;

2. Бухориев Толибек Аҳмадович,
номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон, тарафдор 168313 нафар ё 4,49%;

3. Ғаффоров Абдуҳалим, номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, тарафдор 55516 нафар ё 1,48%;

4. Исмонов Саидҷаъфар Исмонович, номзад аз Ҳизби демократи Тоҷикистон, тарафдор 39334 нафар ё 1,05%;

5. Талбаков Исмоил Иброимович, номзад аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, тарафдор 184653 нафар ё 4,93%;

6. Эмомалӣ Раҳмон
- номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, тарафдор 3 миллиону 157 ҳазору 253 нафар ё 84,23%.

Комиссияи марказии интихобот мегӯяд, ҳамин тариқ Эмомалӣ Раҳмон президенти тозаинтихоби Тоҷикистон ҳисобида мешавад.

КМИР инчунин ҳисоб кардааст, ки дар маҷмуъ аз 4 миллиону 201 ҳазору 156 интихобкунандаи сабтшуда дар Тоҷикистон, дар интихоботи 6-уми ноябр 3 миллиону 787 ҳазору 703 нафар иштирок намуданд, ки ин 90,1% -и шумораи умумии интихобкунандагони кишварро ташкил медиҳад.