баргард чоп кардан

Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ 138, 8 миллион сомонӣ ба буҷа ворид карданд

Имсол аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба буҷаи давлат   138, 8 миллион сомонӣ ворид гардидааст.


Ба иттиллои маркази матбуотии кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дар нимсолаи аввали соли равон дар миқиёси ҷумҳурӣ 157  ҳазору 269  субъектҳои соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст. Бино ба маълумоти манбаъ, чунин нишодод нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 43, 7% зиёд аст.
Дар  ҳамин давра аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои хурди маблағгузорӣ бошад ба маблағи беш аз 2 миллиарду 901 миллиону 570  ҳазор сомонӣ ба буҷаи кишвар равона гардидааст. Ин нишондод нисбати  ҳамин давраи соли 2010-ум 863  ҳазор сомонӣ ва ё 42, 3% афзоиш ёфтааст, афзуд манбаъ.{jathumbnail off}