баргард чоп кардан

Пурсиш дар бораи истеъфо: Девонаев вақт надорад; Абдураҳимов худдорӣ кард; Неъматов ҷавоб дод

Ҳумайрои БАХТИЁР

Рӯзи шанбеи 16 ноябр дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ Эмомалӣ Раҳмон барои 7 соли ояндаи кораш ба унвони шахси аввали ҷумҳурӣ савганд ёд хоҳад кард. Мақомот мегӯянд, расми адои савганди оқои Раҳмон дар муқоиса ба дафъаи гузашта хеле “хоксорона” баргузор хоҳад шуд.

Аммо чизи муҳиме, ки аксарият гӯшу ҳушанд, истеъфои аъзои ҳукумат ва баргаштан ва ё барнагаштани онҳост. Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон баъд аз маросими савгандёдкунӣ раисҷумҳури тозаинтихоб бояд аъзои ҳукуматро ба истеъфо фиристода, тимашро аз нав ташкил кунад. Бисёре аз коршиносон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд баъзе аз аъзои ҳукумат баъд аз истеъфо дубора ба курсии худ барнагарданд.

Хеле талош кардем, то бо чанде аз аъзои ҳукумат ҳам дар ин бора сӯҳбат карда, назарашонро бифаҳмем. Аммо аксари аъзои ҳукумат ё ба телефонҳои мо ҷавоб намедоданд ва ё ба ҷои онҳо ёвар ё котибаҳояшон мегуфт, “саволатонро мерасонам”.

Бо ин ҳол, рақами телефони чанде аз онҳоро, ки дар даст доштем, чидем. Сафиаллоҳ Девонаев, раҳбари Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар аввал хуб сӯҳбат карда, аммо бо шунидани пурсиш гуфт, ки кори зиёд дорад.

Озодагон: Аз шумо дар мавриди истеъфои мувақатии ҳукумат пурсиданӣ будем...

Девонаев:
“Шумо кори дигар надоред? Ман, Хадамот... кори бисёр дорад.”

Озодагон: Танҳо пурсиданӣ будем, ки ин истеъфоро чӣ гуна қабул мекунед...?

Девонаев: “Кори ман бисёр. Вақт надорам. Тамом.”

Генерал Хайрииддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ҳам барои сӯҳбат чандон алоқамандӣ зоҳир накард.

Абдураҳимов: “Ҳар саволе доред, тавассути хадамоти матбуот ба мо расонед.”

Озодагон: Ин саволи мо марбут ба фаъолияти Шумост, на кумита.

Абдураҳимов: “Ба шахсияти ман чӣ савол медиҳед, корӣ бошад, марҳамат.”

Озодагон: Аммо ин масъала ба коратон рабт дорад, на шахсӣ...

Абдураҳимов:
“Не. Тамом. Ҳар чизе ҳаст, тавассути хадамоти матбуот бигӯед.”

Ҳамин тавр, чанде дигар аз раҳбарони идораҳои давлатӣ бо шунидани савол дар бораи истеъфо аз ҷавоб додан худдорӣ мекарданду серкории худро баҳона пеш меоварданд. Дар ин миён танҳо Маликшо Неъматов, раҳбари Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, аз посух ба ин пурсиш худдорӣ накарда, онро ба оромӣ қабул намуд. Оқои Неъматов гуфт, дар бораи истеъфои аъзои ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла худаш, аслан фикр ҳам накардааст.

Вай афзуд, умуман орзу надошт, то курсиеро дар ҳукумат соҳиб шавад: “Аммо ин насиб будааст. Ман дар як давраи кӯтоҳ сазовори боварӣ ва эътимоди роҳбари давлат шудам. То ҳадди имкону қудрату дониши худ барои рушди бахши мазкур талош доштам.”

Маликшо Неъматов дар идома гуфт, маросими савгандёдкунии дувуми Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар он ба ҳайси аъзои ҳукумат ширкат мекунад: “То имрӯз фикр накардам, ки баъд аз истеъфои навбатии ҳукумат ба вазифаи худ бармегардам, ё не. Инро ҳукумат ҳал мекунад. Агар ба дониш ва малакаи ман ниёз дошта бошанд, ба вазифаам бармегардонанд, ё ба вазифаи дигар мегузаронанд. Ҳар чизе бошад, онро қабул мекунам.”

Бо ин ҳама, коршиносон аз истеъфои навбатии ҳукумат интизории зиёд надоранд. Ба гуфтаи онҳо, шояд Эмомалӣ Раҳмон “рамзан” ба ислоҳот даст зада, бархе аз аъзои ҳукуматро ба нафақа гусел бикунад. Ин ҷо бештар аз нахуствазири 70-солаи кишвар Оқил Оқилов ном бурда мешавад. Аз аъзои ҳукумат, аз ҷумла синни Руқия Қурбонова (57), ноиби нахуствазири кишвар, Ҳамрохон Зарифӣ (64), вазири умури хориҷӣ, Гул Шералӣ (63), вазири саноат ва энержӣ ба нафақа расидааст.