Сониҳаи нақлиётӣ ҷони ҳафт нафарро гирифт
Дар Қирғизистон бар асари як садамаи нақлиётӣ ҳафт нафар ба ҳалокат расидааст.
Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи ин кишвар гуфта, ки миёни қурбониён се кӯдак ҳам ҳаст. Теъдоди захмиён 20 нафар гуфта мешавад, ки 13 тани онҳо дар беморхона бистариянд.
Садама дар ноҳияи Кемини вилояти Чуй, дар километри 115-уми шоҳроҳи Бишкек-Торугарт ба вуқӯъ пайвастааст. Бино ба иттилои расида, мусофиркаши хӯрд ба сабукрав бархӯрдааст.