баргард чоп кардан

Падари Аловуддини ғӯрамарг хостори муҷозоти Ҳукумов шуд (ВИДЕО)

Аҳлиддин Саидов, падари Аловуддин – ронандаи мошине, ки бо иштироки Расули Амонулло, писари раиси Роҳи оҳан, шаби 9 октябр ба садама дучор омаду фавтид, қасд дорад, аз болои Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов) ба додгоҳ шикоят барад. Ӯ дар як сӯҳбати видеоӣ ба “Озодагон” гуфт, аз мақомот мехоҳад, оқои Ҳукуматуллоро барои “тарбияи нодурусти фарзанди ноболиғаш” ба ҷавобгарӣ кашанд.

Аҳлиддин Саидов, маҷрӯҳи гурӯҳи дуюм, дар идома афзуд, ҳамаи фарзандонашро бо нони ҳалол бузург кардаасту танҳо ҳақиқатро мехоҳад: “Як умр дар лаби дарё сангу қум (рег) бор кардаму рӯз гузарондам. Мисли онҳо корҳои ғайр надоштам. Амонулло Ҳукуматулло се рӯз баъд аз марги писарам як муовинашро фиристод, ки мехост як миқдор пул диҳаду мо аз даъвоямон гузарем. Вале чаро бояд аз даъвоямон бигзарам? Агар шаби дар беморхона будани писарам омада, ҳамдардӣ баён мекарданд, даъво намекардем. Мо мусалмонем, такя бар Худо дорем. Вале бо гузашти 40 рӯз худи Ҳукуматулло боре ба назди мо наомадаву ҳамдардӣ накардааст.”



Падари Аловуддини 22-сола дар ҳоле ки дар даст писари панҷмоҳаи фарзанди ғӯрамаргашро дошт, гуфт, “агар дар Тоҷикистон давлату давлатдорӣ ҳасту қонун аз ҳама чиз болост, бояд худи Амонулло Ҳукуматуллоро маҳкум кунанд.” Зеро, ба гуфтаи ӯ, кӣ ба раиси Роҳи оҳан ҳақ додааст, писари ноболиғашро дар сари фармони мошин шинонад.

“Ман 22 сол боз ронандаам. Ҳар гоҳ маро дар роҳ медоранду як хатоӣ меёбанд, аммо чаро фарзанди ӯро бо мошин манъ намекарданд? Давлат куҷоро нигоҳ мекунад? Агар Ҳукумов мегӯяд, дар ин садама писари ӯ иштиирок накардааст, дурӯғ мегӯяд. Дасти писараш дар ин садама шикастааст. Чӣ хел мусалмонанд, ки дурӯғ мегӯянд? Давлат бояд падари ӯро аз вазифа гирад ва ба ҷавобгарӣ кашад. Чӣ пулдор аст гуфта, ҳамаи корро кардан мегирад? Қонунҳои давлат танҳо барои камбағалон аст? Бояд аз рӯи қонун ҳам писар ва ҳам падарро ҷазо диҳанд. Ҳукумов кист, ки бояд дар назди қонун ҷавоб надиҳад? Хайрият, ки президент набуд, агар президент мебуд, умуман одамҳоро нигоҳ намекард”,-афзуд Аҳлиддин Саидов.

Мусоҳиби мо дар охири сӯҳбаташ аз писари ҷавонмаргаш ҳам ёдоварӣ карда ва гуфт, “Аловуддин 5 вақт намоз мехонд, нос намекашид ва аз машрубот дур буд. 22-сола буд, як кӯдак дорад. Дар Русия будам, пул мефирстодам ва ҳамаи манзиламонро ӯ сохтааст.”

Ин дар ҳолест, ки рӯзи душанбеи 18 ноябр хабаргузориҳо бо такя ба манобеи худ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон навиштанд, алайҳи Амонулло Ҳукуматулло, раиси ширкати Роҳи оҳан, барои нақзи қонуни масъулияти волидон дар таълиму тарбия парвандаи маъмурӣ боз кардаанд. Аз ин пештар, рӯзи 16 ноябр, хабарнигори “Озодагон” Амонуллои Ҳукуматуллоро дар “Кохи Сомон”, маросими адои савганди раисҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон дид, ки бо чеҳраи боз бо аъзои ҳукумат дидору гуфтугӯ мекард.

Садамаи шаби 9 октябр, ки дар маркази шаҳри Душанбе иттифоқ уфтод, се кушта бар ҷой гузошт. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали ин садама Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писраи 16-солаи Амонуллои Ҳукуматулло, рух додааст. Ҳоло мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, нафареро бо ному насаби Умар Шарифов ҷустуҷӯ доранд, ки зоҳиран гунаҳкори қазия ӯ будааст.

Бо ин ҳол, ин садамаи маргбор дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои мухталифро ба бор оварад. Дар пайи эълони номи Расули 16-сола дар ин садама аксҳои мухталифи ӯ бо мошини БМВ-яш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда, хабари ба Олмон фирор кардани ӯ низ паҳн гардид. Аммо Амонуллои Ҳукуматулло ин ҳамаро иттиҳоми сохтаву бофта номида ва гуфт, расонаҳо дар мавриди садамаи шаби 9 октябр ахбори беасос ва носанҷида нашр мекунанд. Ин барои бори дувум аст, ки номи фарзандони Амонулло Ҳукуматулло дар сархати расонаҳо қарор мегирад. Ду соли пеш писари ӯ Рустам Ҳукумов ба далели қочоқи маводи мухаддир ва ҳукми зиндонаш дар Русия дар сархати расонаҳо ҷо гирифта буд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)