баргард чоп кардан

Садамаи нақлиётӣ бо иштироки «Musso» дар ноҳияи Варзоб

Зимни як сониҳаи нақлиётӣ дар ноҳияи Варзоб 5 нафар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифтанд.


Дар ин бора ба «Озодагон» аз РБДА  иттилоъ доданд. Тибқи иттилоъ, субҳи рӯзи гузашта ронандаи автомашинаи тамғаи «Musso»  Комил Саидови 40 -сола аснои ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ дар километри 20-уми роҳ аз ўҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагардони ноболиғ Сангимурод Абдуллоеви 12 сола, Хусрав Абдуллоеви 10- сола ва Хуршед Зарипови 40- соларо зер намуда, баъдан ба чуқурии 3 метр чаппа мешавад, ки дар натиҷа худи ронанда ва мусофири дохили  нақлиёт Шералӣ Ҷӯраеви 40- сола ҷароҳати ҷисмонӣ гирифта ба касалхона интиқол дода шуданд. Хушбахтона,дар пайи ин садама талафоти ҷонӣ ба қайд нарасидааст.    {jathumbnail off}