Новергия: Дар ҳолатҳои зарурӣ занги телефонии ҳамаро гӯш мекунем
Мақомоти иктишофии Норвегия иқрор кардааст, ки дар мавридҳои лозимӣ тамоми зангҳои телефонии дунё аз сӯи ин ниҳод гӯш карда мешавад.
Ба иттилои “NEWSru.com.”, Челл Грандхаген, раҳбари ниҳоди иктишофии Норвегия, гуфтааст, ҳатто зангҳои дохилии кишвараш низ дар ин маврид истисно намебошанд.
Ӯ мегӯяд, ниҳоди зертобеаш дар ҳолатҳои истисноӣ, бахусус ҳангоми мубориза алайҳи иқдомоти интиҳорӣ ва терроризм даст ба ин иқдом зада буд ва ин амал бар асоси қонунгузории ин кишвар сурат мегирад.
Грандхаген хабарҳо дар мавриди гӯш карда шудани зангҳои шаҳрвандони Норвегия аз сӯи Хадамоти Миллии Амнияти Амрикоро рад кардааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан низ Борак Обама, раисиҷумҳури Амрико ин овозаҳоро беасос хонда буд.