баргард чоп кардан

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев -- сармураббии яккачини ҷавонон

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев сармураббии тими ҷавонони Тоҷикистон (U-21) таъин шуд.

Ҳабибуллоев дар гузашта тренерии бошгоҳи футболи “Регар-ТадАЗ”-ро бар уҳда дошт. Ба ситоди Ҳабибуллоев Маъруф Рустамов (“Равшан”) ва Алишер Ҳақбердиев (“Регар-ТадАЗ”) шомил шудаанд. Бо дарвозабонҳои тими ҷавонон Аслиддин Ҳабибуллоев, собиқ дарвозабони маъруфи тими миллии Тоҷикистон, ки ҳоло ба ҳайси тренери калони “Вахш”-и Қӯрғонтеппа кор мекунад, кор хоҳад кард.

Яккачини ҷавонони Тоҷикистон зери раҳбарии Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар Ҷоми Иттиҳод ширкат мекунад. Ин мусобиқот аз 23 январ то 3 феврали соли оянда дар Санкт-Петербург баргузор мешавад. Омодагӣ ба ин сабқат 20 декабр дар Душанбе шурӯъ мегардад. Даври дуюми омодагиҳо ба Ҷоми Иттиҳод-2014 аз 2 то 10 январ баргузор мешавад. Даври охирини омодагӣ дар Анталияи Туркия дар назар аст.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон соли 2014, ҳамчунин дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё ширкат мекунад.