ВИДЕО: Ҷабраилхӯҷаи 9-соларо наҷот диҳед!
Волидони Ҷабраилхӯҷаи 9-сола, ки 5 сол боз аз дарди гурда азият мекашад, аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш доранд, ки дар наҷоти ҷигарбандашон ба онҳо кӯмак кунанд.
Зарина Сангова, модари Ҷабраилхӯҷаи Қурбонхӯҷа дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, писараш 5 сол боз бемории гурда дошта, тамоми аъзои баданаш, махсусан узвҳои таносулаш варам мекунанд.
Модари Ҷабраилхӯҷа афзуд, ки табибон барои шифо ёфтани фарзандаш, ба ӯ тавсия додаанд, то ӯро ҳар чӣ зудтар ба хориҷи кишвар барад, зеро дар Тоҷикистон табобаташ ғайриимкон аст. Аммо модари Ҷабраилхуҷа мегӯяд, барои табобати писараш дар берун аз Тоҷикистон шароит надораду ҳайрон шудааст, ки чӣ кор кунад.
Зарина Сангова мегӯяд, доруҳое, ки барои шифо ёфтани фарзандаш ва паст кардани варами бадани ӯ мехаранд аз 80 то 450 долларро ташкил намуда, баъзе доруҳояшро аз Эрону Русия меоранд. Модари Ҷабраилхӯҷа хонанишин, соҳиби 4 фарзанд буда, дар оила танҳо падари хонавода кор мекунад ва тамоми маблағи дарёфткардааш барои табобати рӯзмарраи фарзанд равона мешаваду халос.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин хонавода, танҳо табибони олмонӣ кафолати табобати фарзандашонро дода, арзиши табобатро 65 ҳазор евро гуфтаанд. Волидони Ҷабраилхӯҷа аз ҳамаи сокиноне, ки тавони кӯмак дар наҷоти ҷигарбандашонро доранд, хоҳиш доранд, ки бетараф набошанд. Нафароне, ки хоҳиши кӯмак доранд, метавонанд тариқи рақамҳои 918 54 53 73 бо модари Ҷабраилхӯҷа дар тамос шаванд ё ба суратҳисоби зерин маблағ гузаронанд:
Худи Ҷабраилхӯҷа ҳолашро дар суҳбат бо “Озодагон” чунин шарҳ дод: