ВИДЕО: Муродов барои клип дар сохтмонҳои Русия кор мекунад
Фурқат Муродов, сарояндаи ҷавони тоҷик, барои дарёфти пул барои сабти клип, айни ҳол дар сохтмонҳои Русия заҳмат мекашад.
Муродов дар суҳбат бо шабакаи телевизионии Lifenews гуфтааст, ҳар гуна кори сохтмониро иҷро мекунад, то барои сабти клип маблағи заруриро гирд оварад. Ӯ афзудааст, ки барои такмили малакаи сарояндагияш ҳангоми кор сурудхонӣ мекунад. Корфармоёни руси ин ҷавони тоҷик ҳам аз корҳои сохтмонияш ва ҳам аз сурудхонияш истиқбол мекунанд.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)