баргард чоп кардан

35 миллион доллари Ҷопон барои роҳсозӣ дар Тоҷикистон

Тармиму таҷдиди роҳи мошингарди  Қӯрғонтеппа-Душанбе дар арафаи анҷомёбист.

Тавре ба «Озодагон» аз вазорати нақлиёт иттилоъ доданд, таъмири ҷодаи мазкур ҳанӯз соли 2009 оғоз гардида, ҳоло мумфарш кардани он боқӣ мондааст.

Манбаъ афзуд, дар ин иншоот ҳудуди 90%-и корҳо ба анҷом расида, то охири соли равон пурра ба итмом мерасад. Маврид ба ёдоварист, масофаи умумии ин қитъаи роҳ, ки тармиму таҷдид шуда истодааст, 42 километрро ташкил медиҳад.   Маблағи лоиҳа 35 миллион доллари ИМА буда, онро ҳукумати Ҷопон ҳамчун кӯмаки билоиваз (бебозгашт) ба Тоҷикистон чудо кардааст.{jathumbnail off}