баргард чоп кардан

Духтари президент боз ба хоҳараш “ҳамла” кардааст

Гулнора Каримова, духтари бузурги президенти Узбакистон дигарбора дар саҳифаи Твиттери худ ба хоҳараш – Лола “ҳамла кардааст”.

Ин навбат Гулнора навишта, ки Лола доротар аз он аст, ки маҷаллаи "Bilan"-и Шветсария нишон додааст. Ба гуфтаи ӯ, "Bilan" ҳамаи сарвати Лоларо ҳисоб накардааст.

Қаблан, низ Гулнора дар Твиттер Лоларо бо он муттаҳам карда буд, ки ҳамроҳ бо модараш аз пешрафтҳои ӯ хушнуд набуда, рафторашро қабул намекунанд.