баргард чоп кардан

Вазири тандурустӣ барои 7 сол равонаи зиндон мегардад

Прокуратураи генералии Қазоқистон аз суди ин кишвар тақозо кардааст, ки вазири собиқи тандурустиро барои ҳафт сол ба маҳбас равон кунад.


Тибқи иттилои «Белий парус», айбдоркунандаи давлатӣ, ки Жоқсилик Доскалиевро дар фасодкорӣ муттаҳам мекунад, ба додгоҳ пешниҳод намудааст, ки ин вазири собиқ дар зиндони низомаш шадид нигаҳбонӣ шавад ва дар он адои ҷазо кунад.

Бино ба қавли муфаттишони парвандаи собиқ вазири тандурустӣ, Жоқсилик Доскалиев замоне ки ба ҳайси президенти Академияи тиббии Қазоқистон кор мекардааст, бо як ширкати сохтмонӣ санади тақаллубӣ ба имзо расонидааст.   Муфаттишони таҳқиқоти муқаддамотӣ мегӯянд, ки ин мақоми вақти давлатӣ ба раиси ширкати сохтмонӣ санади лозимро барои фурӯши ин манозил ба алоқамандон бо қимати бозор додааст. Гуфта мешавад, ҷаноби Доскалиев дар ивази "ҳамкорӣ" бо ширкати сохтмонӣ аз ин ширкат ду хонаи опортумон ва як  коттеҷ  ба унвони тӯҳфа дарёфт кардааст.{jathumbnail off}