баргард чоп кардан

Кӣ, кай ва дар куҷо? Муаррифии кӯтоҳи аъзои ҳукумати нав

Интизор меравад, рӯзи 16 декабр вакилони Маҷлиси Намояндагон ва аъзои Маҷлиси Миллӣ фармонҳои раисиҷумҳур дар бораи барканорӣ ва таъини мансабдоронро тасдиқ намоянд. Ин иҷлосияро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар интихоботи 6 ноябр пирӯз шуда буд, даъват намудааст. То замни баргузории ин иҷлосия “Озодагон” тасмим гирифт, аъзои ҳукумати навро дар шакли кӯтоҳ ба хонандагон муаррифӣ кунад.


Қоҳир РАСУЛЗОДА – нахуствазир. 8 марти соли 1961 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст. Давоми 7 соли охир ба ҳайси раиси вилояти Суғд фаъолият дошт. 52 сол дорад.

Давлаталӣ САИДОВ -- муовини аввали сарвазир. 30 марти соли 1970 дар Душанбе таваллуд шудааст. Аз соли 2009 роҳбарии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро бар ӯҳда дошт. 43-сола.

Марҳабо ҶАББОРОВА -- муовини сарвазир. 19 январи соли 1958 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таваллуд шудааст. Аз соли 2010 вакили парлумон буд. 55 сол дорад.

Муродалӣ АЛИМАРДОН, муовини сарвазир. 24 апрели соли 1960 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шуда, баъд аз раисӣ дар Бонки миллӣ 26 январи соли 2008 ноиби сарвазир таъин шуд. 53 сол дорад.

Азим ИБРОҲИМ -- муовини сарвазир. 1 марти 1962 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Давоми 8 соли охир, аз соли 2005 то 2013, сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон буд. 51 сол дорад.

Сироҷиддин АСЛОВ -- вазири умури хориҷии Тоҷикистон. 7 феврали соли 1964 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Аз моҳи марти соли 2011 намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милал, ҳамзамон сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Куба буд. 49 сол дорад.

Саймӯъмин ЯТИМОВ -- раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон. 23 июли 1955 дар вилояти Хатлон таваллуд шудааст. 2 сентябри соли 2010 ба мансаби раиси Кумитаи амният таъин гардид. Ятимов 58 сол дорад.

Рамазон РАҲИМОВ -- вазири умури дохилии Тоҷикистон. 25 январи соли 1960 дар Данғара таваллуд шуда, аз 5 январи соли 2012 ин ҷониб вазири умури дохилӣ мебошад. 53-сола.

Шералӣ МИРЗО -- вазири дифои Тоҷикистон. Соли 1967 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд. Аз моҳи декабри соли 2006 дар мансаби муовини аввал ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ кор кардааст. 46 сол дорад.

Рустам МЕНГЛИЕВ -- вазири адлия. 3 майи 1965 дар Конибодом таваллуд шуда, аз 5 январи 2012 вазири адлия мебошад. Ӯ 48 сол дорад.

Шариф РАҲИМЗОДА, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон. 12 марти соли 1959 дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шуда, 24 январи 2012 ба вазифаи ҳозирааш таъин шудааст. Раҳимзода 55-сола мебошад.

Абдусалом ҚУРБОНОВ -- вазири молия. 9 феврали соли 1959 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Аз моҳи феврали соли 2006 дар вазифаи Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президент кор мекард. 54 сол дорад.

Хайрулло АСОЕВ -- вазири нақлиёт. 5 марти соли 1956 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Аз моҳи январи соли 2010 то ҳол дар вазифаи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Роғунгэсстрой» фаъолият дошт. 57 сол дорад.

Нуриддин САИДОВ – вазири маориф ва илм. Дар деҳаи Навободи ноҳияи Данғара таваллуд шуда, айни ҳол 57-сола аст.

Нусратулло САЛИМОВ -- вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон. 4 феврали 1965 дар ноҳияи Данғара таваллуд шуда, 26 январи соли 2008 вазири тандурустӣ таъин шудааст. Ӯ 48 сол дорад.

Мамадтоир ЗОКИРОВ -- раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ. 24 июли соли 1956 дар ноҳияи Рашт таваллуд шудааст. 57 сол дорад.

УСМОНАЛӢ Усмонов -- вазири энергетика ва захираҳои об. 13 сентябри соли 1959 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Аз моҳи сентябри соли 2009 вазифаи Директори иҷроияи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика»-ро бар зимма дошт. 54-сола аст.

Шавкат БОБОЕВ -- вазири саноат ва технологияҳои нав. 3 июни соли 1962 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шудааст. Аз моҳи январи соли 2012 дар вазифаи мудири Шӯъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи президент кор мекунад. 51 сол дорад.

Сумангул ТАҒОЕВА -- вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. 19 декабри соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. 47 сол дорад.

Шамсиддин ОРУМБЕКОВ
-- вазири фарҳанг. 18 марти соли 1956 дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Аз моҳи ноябри соли 2011 дар мақоми мушовири президент оид ба сиёсати кадрҳо буд. 57 сол дорад.

Рустами ЭМОМАЛӢ
-- сардори Хадамоти гумрук. 19 декабри соли 1987 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Аз октябри соли 2012 то имрӯз дар вазифаи муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт. 26 сол дорад.

Махфират ХИДИРОВА -- раиси Кумитаи кор бо занон ва оила. 6 сентябри соли 1973 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Аз соли 2005 вакили парлумони Тоҷикистон буд. 40 сол дорад.

Қосим ҚОСИМОВ -- вазири кишоварзӣ, 3 октябри 1964 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, 26 январи 2008 ба вазифаи ҳозирааш таъин шудааст. Қосимов 48-сола аст.

Қодири ҚОСИМ -- Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ. 9 апрели соли 1961 дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон таваллуд шудааст. Аз моҳи ноябри соли 2006 дар вазифаи раиси вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон кор кард. 52-сола аст.

Гулнора ҲАСАНОВА -- директори Оҷонсии омор. 3 декабри соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Аз соли 2010 то ҳол дар вазифаи раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» кор мекард. 47 сол дорад.

Абдувалӣ КОМИЛОВ -- директори раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумат. 25 марти соли 1954 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст. Аз декабри соли 2006 директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. 59 сол дорад.

Ҳомидҷон ҲАСАНОВ -- директори Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумат. 1 июни соли 1960 дар ноҳияи Тоҷикобод таваллуд шудааст. Аз соли 2004 то ба имрӯз дар мансаби муовини Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон фаъолият дошт. 53 сол дорад.

Мурод ҶУМЪАЕВ -- сардори Саридораи геологияи назди ҳукумат. 1 январи соли 1963 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Аз декабри соли 2006 то имрӯз Сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ кор кардааст. 50 сол дорад.

Бобоҷон ҶАМОЛЗОДА -- фармондеҳи горди миллӣ. 22 майи соли 1976 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Аз соли 2004 аввал ба сифати сардори Шӯъбаи тайёрии ҷангии Раёсати Қӯшунҳои зудамали Вазорати дифои Тоҷикистон ва сипас командири қисмҳои ҷудогонаи Гвардияи миллӣ фаъолият намудааст. 37 сол дорад.

PS: Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноат; Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷӣ; Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молия; Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ; Руқия Қурбонова, муовини нахуствазир; Низом Ҳакимов, вазири нақлиёт; Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳнат ва Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанг, ки аз мақомҳояшон барканор гардидаанд, то ҳол мансабе надоранд. Маълум нест, онҳо шаҳди бознишастагиро хоҳанд чашид ва ё ин ки дар ниҳодҳои дигари давлатӣ ва ё намояндагиҳои кишвар дар хориҷа барои худ ҷои по пайдо хоҳанд кард.

Ҳумайрои БАХТИЁР