баргард чоп кардан

Зоиров гуфт, 10 сол боз, аз замони истеъфояш, таҳти назорати махсус аст (ВИДЕО)

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), мегӯяд, аз замони ба истеъфо рафтанаш аз симмати мушовири Эмомалӣ Раҳмон таҳти назорати махсуси мақомоти давлатӣ қарор дорад. Оқои Зоиров даҳ соли пеш, баъд аз сабтиноми ҳизбаш, аз мақоми мушовири калони раисиҷумҳур оид ба сиёсати ҳуқуқӣ истеъфо дод ва ба яке аз мухолифони ҳукумат табдил ёфт.

“Даҳ сол пеш, вақте бо нишони эътироз аз фаъолият дар ҳукумати мавҷуда худдорӣ намуда ба истеъфо рафтам, барои ҳукумат ғайри қобили қабул буд. Ҳамон замон супориши махсус шуд, то аз ҳар кор ва қадами ман назорат баранд. Дар ҳолатҳое барои ибрози назар маҳдудиятҳо эҷод куннанд”,-афзуд Зоиров.

Раиси ҲСДТ ин ҳарфҳоро рӯзи 13 декабр, баъд аз он ки занони мӯътариз барои гуфтушунид ба қароргоҳи ҳизбаш наомаданд, баён дошт. Вай як рӯз пеш бо пахши эълон аз ин занон, ки ӯро хоин хонда, интиқодаш аз ҳукуматро нодуруст шуморида буданд, даъват карда буд, барои як гуфтушунид ба назди ӯ оянд. Зоиров мегӯяд, дар ҳоле ки онҳо ба гуфтушунид наомаданд, маълум мешавад, “ин эътироз муташаккил буд”. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, бархе аз эътирозгарон дар Идораи пулис кор мекунанд ва ӯ ному насаби онҳоро низ дақиқ кардааст.



Раҳбари ҲСДТ мегӯяд, аризаи даъвоии худро алайҳи тазоҳургарон, ки бештар аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тарафдорӣ мекарданд, омода кардааст ва соатҳои наздик ба Додситони кулл хоҳад супурд. “Додситонии кулл то куҷо ба ин масъала расидагӣ мекунад ё на, ин аз иродаи сиёсии ҳамон масъул вобаста аст. Чун ба тахмини ман барҳам додани нишаст дар дафтари кории ман бо супориши мақомоти амниятии шаҳри Душанбе ва ё Вазорати умури дохилӣ сурат гирифтааст”,-илова намуд Раҳматилло Зоиров.

Дар ҳамин ҳол Шӯрои сиёсии ҲСДТ низ бо пахши як изҳорот аз Додситонии кул талаб кард, ки суроға ва шахсияти тазоҳургаронро муайян намуда, ба рафтори онҳо баҳои ҳуқуқӣ диҳад. Шӯрои сиёсии ҲСДТ бо такя ба таҳлилу пурсишҳои пешакӣ муайян намудааст, ки тазоҳургарон гуруҳи махсусанд, ки миёнашон се корманди ВКД ва як корманди Кумитаи амният низ будааст. Аз ҷумла ба иттилои Шӯрои сиёсӣ он зане, ки Зоировро дар ҳаводиси Хоруғ муттаҳам карда, гуфт, шавҳараш дар он ҳодисаҳо фавтидааст, собиқ корманди амният буда, умуман фарзанду ҳамсар надоштааст.

Субҳи рӯзи 10 декабр ҳангоме ки Раҳматилло Зоиров баъди бозгашт аз сафар ба Украина нишасти матбуотӣ доир менамуд, як гуруҳи 20-нафарӣ вориди дафтари кории ӯ шуда, шӯру мағал бардоштанд. Эътирозгарон дар даъвои худ бештар аз Эмомалӣ Раҳмон ба унвони президенти намунавӣ ва мардумӣ ёд карда, мегуфтанд, Зоиров боиси норомии кишвар ва ҳамчунин омили аслии даргириҳои тобистони соли 2012 дар Бадахшон будааст.