баргард чоп кардан

Кумаки ҲНИТ ба 1000 кӯдаки ятиму бесарпараст дар Суғд

Дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тасмим гирифтааст, дар пайи як иқдоми хайриявӣ ба ятимон ва бепарасторони ин минтақа кумаки моддӣ расонад.

Илҳомҷон Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд, рӯзи 16 декабр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин аксия рӯзи сешанбеи 17 декабр баргузор шуда, ба хонаводаи 1000 нафар ятимону бепарасторон аз гӯшаву канори вилоят кумаки ғизоӣ карда мешавад.

Раиси дафтари ҲНИТ дар вилояти Суғд мегӯяд, зиёда аз 3 тонна орд, беш аз 1 тонна биринҷ, 1,5 тонна қанду шакар, 1 ҳазору 500 литр равған, чой, ширинӣ ва макарон ба ин ятимон тақсим ва ба манзилҳои зисташон расонда хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки ахиран ин бахши ҲНИТ низ гуфта буд, тасмим дорад, аз 100 донишҷӯи фаъоли вилояти Суғд қадрдонӣ кунад ва аз ҳукумати вилоят ва раҳбарияти Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд хост, то дар пайдо намудани як толор барои баргузории ин чорабинӣ ва тартиби номгӯи донишҷӯён кумак намоянд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ ҳаст. Ба гуфтаи масъулини ҲНИТ, ин ҳизб беш аз 40 ҳазор узв дорад, ки ҳудуди 15 ҳазори он дар вилояти Суғд ба сар мебаранд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)