Тафтиши бе огоҳии Шералӣ Мирзо ва таҳпӯши сарбозон
Шералӣ Мирзо баъд аз такя заданаш ба курсии вазири дифоъ бидуни огоҳӣ аз қисмҳои ҳарбии воқеъ дар шимол ва ҷануби кишвар боздид анҷом дода, баъзе камбудҳоро ошкор кардааст. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳарчанд фурсати зиёд металабид, аммо вазири нав то таҳпӯши сарбозонро аз назар гузаронд.
“Ошхона, хобгоҳ, ҳаммом ва ҳатто таҳпӯши сарбозонро аз назар гузаронданд, то камбуде набошад. Агарчӣ вақти зиёдро гирифт, вале ин корро анҷом доданд”,-гуфт ӯ. Оқои Маҳмадалиев афзуд, ин боздиди Шералӣ Мирзо шиносоӣ бо қисмҳои ҳарбӣ ва ҳамзамон ошкор кардани камбудҳо будааст: “Вазир тасмим гирифта буданд, қисмҳои низомиро бе огоҳӣ тафтиш намоянд. Барои ҳамин, дар ҷараёни боздид муайян карда шуд, ки баъзе аз камбудҳои ҷузъӣ вуҷуд дорад”.
Фаридун Маҳмадалиев мегӯяд, вазир мушоҳида кардааст, ки дар баъзе аз қисмҳои низомӣ дарсҳо аз рӯи нақша сурат нагирифта ва либоси сарбозон низ иваз нашудааст. “Дастур шуд, ки дар хобгоҳи сарбозон ба ғайр аз чароғи асосӣ боз чароғҳои иловагӣ монда шаванд. Инчунин муайян гардид, ки дар як утоқ ба ҷои ду нафар панҷ тан муолиҷа мешуданд. Дар ошхона сарбозон бидуни халат мегаштанд. Вазир ба ҳамаи ин эрод гирифта, хостори рафъи камбудҳо шуданд”,-гуфт Маҳмадалиев.
Шералӣ Мирзо дар охири моҳи ноябри соли ҷорӣ вазири нави дифои Тоҷикистон таъин гардида, дар ин мақом Шералӣ Хайруллоевро иваз кард, ки 18 соли охир вазири мудофиа буд. Оқои Мирзо то омаданаш ба ин вазифа раҳбарии раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба ӯҳда дошт. Интизории аксари сокинон ва соҳибназарон аз вазирии Шералӣ Мирзо ин аст, ки шароит дар қимҳои низомиро беҳтар карда, даъвати иҷборӣ ва ё “облава”-ро аз миён бардорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)