баргард чоп кардан

Илҳом Ёқубов: “Кумаки мо холисона аст, на бо ҳадафи сиёсӣ” (АКС)

Рӯзи 17 декабр дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Суғд ба бештар аз ҳазор ятим ва хонаводаи ниёзманди ин вилоят маводи ғизоӣ кумак кард. Илҳом Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд, дар як мусоҳибаи кӯтоҳ бо “Озодагон” гуфт, кумаки онҳо холисона аст, на сиёсӣ.


Ёқубов: “Мо дар 16 шаҳру ноҳияи Суғд барои маъюбон ва бепарасторон кумак расондем. Дар маҷмӯъ, беш аз 1 ҳазор нафар аз ин кумаки мо баҳраманд шуданд. Аслан ин иқдоме, ки дар бахши суғдии ҲНИТ гирифта шуд, ба рӯзи байналмилалии дастгирии ятимон ва бепарасторон рабт дорад, ки рӯзи 19 декабр эълон шудааст. Бо ин амали хеш мехоҳем, дигар ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ низ ба ин қишри ҷомеа, ки бештар таваҷҷӯҳ ва ёрӣ мехоҳанд, кумак расонанд. Инчунин, мехоҳем, бо ин қишри ҷомеа аз наздик шинос шавем. Барои ин қишр муҳим нест, ки ҲНИТ, ҲХДТ ё ҲКТ кумак мерасонад, барои онҳо аз ҳама асосӣ он аст, ки таваҷҷӯҳ карда шавад.”

Озодагон: Ин кумакҳо идома хоҳад ёфт? Дар кадом шакл?

Ёқубов: “Ин кумакҳо, албатта, идома меёбанд. Мо пас аз таҳлилу баррасӣ аз ҳама қишри осебпазири онҳоро муайян намуда, кумаки ҳармоҳа ташкил менамоем. Масалан, барои як оила кумаки тиббӣ лозим, ба дигараш кумаки ғизоӣ. Пас аз он бахши суғдии ҲНИТ ба ҳамаи онҳо кумаки лозимиро хоҳад расонд.”

Озодагон: Оё мақомот ба кори Шумо ягон монеа эҷод накарданд?

Ёқубов: “Дар ин бора аз ягон шаҳру навоҳӣ то ҳол ба мо шикояте ворид нашудааст. Ман худ ба хонаи панҷ оилаи камбизоат ва маъюб рафтам, ки ягон монеагузорӣ аз ҷониби мақомот набуд. То ҳол аз ҷониби мақомот вокунише ҳам нашудааст. Агар вокуниш ҳам шавад, фикр мекунам, вокуниши хуб ва хайр хоҳад буд. Мехостам, дар оянда ин чорабинии дастгирӣ бо мақомот ва ҳизбҳои сиёсӣ якҷоя анҷом дода шавад.”

Озодагон: Бо аҳли хонаводае, ки дар ба назадашон рафтед, сӯҳшбат доштед? Ҳоло таваҷҷӯҳ ба онҳо чӣ гуна будааст?

Ёқубов: “Аз панҷ оилае, ки шахсан он ҷо будам, гуфтанд, ки аз ҷониби ҳукумат, созмонҳои иҷтимоӣ ва вакилони маҳаллӣ кумак мегиранд. Аммо Марҳабо Қазоқова, ки дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекардаасту фарзанди маъюб дорад, гуфт, чанд бор ба ҳукумати Хуҷанд муроҷиат намуд, то ки барояш кумак расонанд, вале аз ҷониби онҳо посухи рад гирифтааст.”

Озодагон: Қаблан эълон дошта будед, ки ба 100 донишҷӯ ҳам ҷоиза медиҳед, чӣ шуд? Мақомот дар ин бора ба номаи Шумо ҷавоб фиристоданд?

Ёқубов: “Мутаассифона, то имрӯз аз ҷониби Раёсати донишгоҳҳо ба мактуби мо расман посух надодаанд. Мо ба раиси вилоят низ мактуб ирсол карда будем, аммо аз онҳо низ то ҳол ягон ҷавоб нагирифтаем. То охири моҳи декабр интизор мешавем ва умед дорем, барои мо шароит фароҳам меоранд. Агар дар ин муддат онҳо ба мо кумак нарасонанд, мо худ ин барномаро амалӣ хоҳем кард ва дар толори бахши суғдӣ ба донишҷӯёни фаъол кумаки яквакта хоҳем расонд.”


Илҳом Ёқубов: “Кумаки мо холисона аст, на бо ҳадафи сиёсӣ” (АКС)

Илҳом Ёқубов: “Кумаки мо холисона аст, на бо ҳадафи сиёсӣ” (АКС)

Илҳом Ёқубов: “Кумаки мо холисона аст, на бо ҳадафи сиёсӣ” (АКС)

Илҳом Ёқубов: “Кумаки мо холисона аст, на бо ҳадафи сиёсӣ” (АКС)


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)