Қирғизистон аз боздошти панҷ узви «Ҳизб-ут-Таҳрир» хабар дод
Кормандони мақомогти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон дар шаҳри Бишкек панҷ аъзои «Ҳизб-ут-Таҳрир»-ро боздошт кардаанд. Бино ба иттилои расонаҳо ин афрод дар пайи амалиёти «Экстремист» дастгир шудаанд.
Кормандони пулис ҳамроҳ бо кормандони амният дар пойтахти Қирғизистон аз дохили мошини «Ford-Mondeo» адабиёти мазмуни экстремистидошта ёфт ва мусодира кардаанд. Ҳангоми ҷустуҷӯи шахсӣ аз ронандаи мошин Ж. Адили 21-сола ва ду мусофири он Т. Бакити 32-сола ва М. Улани 29-сола низ варақаҳои ин ҳизби мамнӯъшуда дарёфт гаридааст. Баъдан, ду аъзои дигари ин гуруҳ К. Мирлани 28-сола ва К. Улуғбеки 28-соларо дастгир гардидаанд. Ҳамаи онҳо иқрор кардаанд, ки аъзои фаъоли «Ҳизб-ут-Таҳрир»-анд.