баргард чоп кардан

Пирӯзии навбатии «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони бетараф

Се бозии даври 23-юми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 6-уми август баргузор шуд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ФФТ иттилоъ доданд, ин вохӯриҳо бо натиҷаи зерин анҷом ёфтанд: “Равшан” (Кӯлоб) - “Вахш” (Қӯрғонтеппа) – 3:2, “Хайр” (Ваҳдат) - ССКА “Помир” (Душанбе) – 2:1, “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - “Энергетик” (Душанбе) – 2:0.

Манбаъ афзуд, бозии “Равшан” бо "Вахш"-и Қӯрғонтеппа сабаби  аз панҷ бозӣ маҳрум шудани варзишгоҳи марказии Кӯлоб дар шаҳри Норак сурат пазируфт.
Ду бозии дигари даври 23-юми мусобиқот миёни дастаҳои “Хуҷанд” (Хуҷанд) - “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) ва “Шодмон” (Ҳисор) - “Истиқлол” (Душанбе) ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.

Маврид ба ёдоварист, дастаи “Равшан” пас аз ғалабаи 15-уми худ бо 47 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба ҷои аввал баромад. Тими “Истиқлол”, ки ду бозӣ камтар анҷом додааст, бо 46 имтиёз дар ҷои дуюм қарор дорад, «Регар-ТадАЗ» бошад,  бо 45 имтиёз дар ҷойи сеюми ифтихорӣ мавқеъ гирифтааст.{jathumbnail off}