баргард чоп кардан

SOS: Боз оташсӯзӣ дар бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе

Дар бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе, яке аз бузургтарин бозорҳои пойтахти Тоҷикистон оташсӯзӣ ба амал омада, чандин дӯкони фурӯши мол, бахусус мағозаи мавсум ба «Элегант» -ро фаро гирифтааст.


Ба гуфтаи шоҳидон, ҳодисаи оташсӯзӣ тақрибан ду соат қабл аз ин шурӯъ шуда, ба тадриҷ дарвозаи  дуюми бозор ва фурӯшгоҳҳои онро печонидааст.  Хабарнигори «Озодагон» , ки дар ҷои ҳодиса ҳузур дорад, мегӯяд, воҳидҳои сӯхторнишонӣ   15-20 дақиқа қабл аз ин ба маҳалли сӯхтор расида, ҳоло дар пайи хомӯш кардани оташанд.

Дар ҳоли ҳозир сабабҳои сар задани сӯхтор маълум нест. Сабаби эҳтимолии сар задани сӯхтор беэҳтиётӣ дар мавриди истифода аз қувваи барқ гуфта мешавад.  
Оташсӯзӣ дар худи бозори “Корвон” ҳодисаи аввали ба коми оташ фурӯ рафтани бозору фурӯшгоҳҳо дар пойтахт нест. Қаблан, бозори  «Саховат» ва бозорҳои “Шоҳмансур» ва маркази тиҷории «Наргис» дар Душанбе, дучори ҳодисаҳои мушобеҳ шуда буданд. Маврид ба тазаккур аст, ки оташсӯзӣ дар «Корвон» ҳудуди 4 маротиба дар ду соли ахир ба қайд гирифта шудааст. Тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд. {jathumbnail off}