Даргузашти Халифабобо Ҳомидов, вазири собиқи адлия (АКС)
Халифабобо Ҳомидов, собиқ вазири адлия ва яке аз муаллифони Қонуни асосии Тоҷикистони соҳибистиқлол, нимирӯзи 30 декабр дар гӯристони Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд. Вай баъд аз бемории тӯлонӣ, бегоҳи 29 декабр, дар синни 64 аз дунё даргузашт.
Оқои Ҳомидов ба ҳайси узви Комиссияи оштии миллӣ, мушовири давлатӣ, вакили Маҷлиси намояндагон кор кардааст. Вай соли 2001 бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон ба курсии вазири адлия нишаст ва то соли 2006 дар ин мақом буд.
Дар давраи вазири адлия будани ӯ Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба раҳбарии Раҳматилло Зоиров сабтиноми расмӣ шуда, ҷиноҳи Абдуҳалим Ғаффоров дар Ҳизби сотсиалист ва қаноти Масъуд Собиров дар Ҳизби демократ қонунӣ эълон гардиданд. Ҳарчанд аксарият ин иқдоми ахири ӯро маҳкум карда, пора сохтани аҳзоби мухолифе назири Ҳизби сотсиалист ва Ҳизби демократи Тоҷикистон медонистанд.
Профессор Иброҳим Усмонов, ки дар манзили Халифабобо Ҳомидов қарор дошт, дар сӯҳбат бо хабарнигори "Озодагон" гуфт, аз солҳои 80-уми қарни гузашта ба ин сӯ бо ӯ шиносоӣ дошт. Вай афзуд, “Халифабобо яке аз ҷавонони бедори охири солҳои 80-ум буд, ки дар таъсиси Растохез иштирок дошт. Яке аз муассисони Ҳаракати мардумии Растохез буд ва умед мекард, ин ташкилот бояд барои манфиати бедории миллии мардуми Тоҷикистон, барои иттиҳоди нерӯҳои миллии кишвар хидмат кунад. Қисмати бисёр муҳими ҳамкории мо замоне буд, ки дар Комиссияи оштии миллӣ кор мекардем. Аз соли 1991 ӯ ба тайёр кардани Конститутсияи Тоҷикистон сар кард ва дар солҳои 1991 низ дар тағйиру иловаҳои он фаъолна ширкат намудааст. Яъне, яке аз муаллифони фаъоли Конститутсия аст. Чун олим буданд, бо вуҷуди беморӣ дар хона ба таҳқиқ машғул буданд ва тобистони ҳамин сол китоби дуҷилдаи худро дар бораи Таҳқиқи системаи Конституси тамоми дунё ба нашр расонд. Баъд аз ин китоб Халифабобо ният доштанд ва шурӯъ карданд ба навиштани китоб дар бораи Конститутсияи Эрон, вале тақдир ҳамин хел шуд, ки ин китобро ба охир нарасонд. Моҳе қабл бо ӯ суҳбат доштам, ки мақсади нашри ин китобро дар соли нав, соли 2014 доштанд.”
Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқдони тоҷик, дар сӯҳбат ба “Озодагон” аз Халифабобо Ҳомидов ба унвони асосгузори манъи ҳукми қатл дар Тоҷикистон ном бурд. Ӯ гуфт, “Ҳомидов ҳамеша аз минбарҳои баланди ҳуқуқи башар аз камбудҳои низоми додгоҳию ҳуқуқӣ сухан мекард. Ӯ як шахси ислоҳотхоҳ буд. Мехост, як низоми додгоҳии озоду демократӣ дошта бошем, адолати додгоҳӣ татбиқ гардад. Яке аз асосгузорони бекор кардани ҳукми қатл буд. Ман бо Халифабобо якчанд бор дар сафарҳои хориҷӣ дар семинару тренингҳо будам ва ӯ аз ҷониби давлат дар ҳайати комиссияи давлатӣ буду аммо тарафдори он буд, ки ҳукми қатл бардошта шавад.”
Халифабобо Ҳомидов зодаи рустои Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, соли 1973 факулати ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Маскавро ба итмом расондааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)