Раҳбарони ҳизби демократ ва сотсиалисти Тоҷикистон дар робита ба 26 сол ҳукми зиндони Зайд Саидов, соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари Тоҷикистони нав изҳори назар карданд.
Саидҷаъфар ИСМОНОВ, раиси Ҳизби демократ:
“Ман як чиз мегӯям. Албатта, ин бояд ба иззати нафси рӯзноманигорон ва тарафдорони Зайд Саидов нарасад. Аз ин қазия чунон ҳангома ва силсилае сохтанд, ки шояд дар аввал ҳукумат ба ҳамин Зайд Саидов 5 сол ҳукм бароварданӣ буд. Аммо баъд аз ин ҳама сарусадо 26 сол гирифт. Баъзан, онҳое, ки худро муҳофиз ва тарафдорони Зайд Саидов мегиранд, аз дасташон чизе намеояд, то охир ҳифз карда наметавонанд. Аз тарафи дигар он муҳофизонаш дониши хуби ҳуқуқӣ ҳам надоштанд. Компромисро дар миён ёфтан лозим буд. Аммо аз дасти инҳо чизе наомад. Корро тарзе карданд, ки агар ҳукумат 10-15 сол ҳукм бароварданӣ буд, дар натиҷа он 26 сол шуд. Чунки атрофи ин қазия як фоҷиа сохтанд. Ба ин ончунон обуранг дода барои ҳукумат як мушкили ҷиддӣ “тарошиданд”, шояд дар он сатҳ чунон набуд. Кӣ метавонад бигӯяд, ки Зайд Саидов ҳеч гуноҳе накардааст ва фарзанди беҳтарини Тоҷикистон аст? Кӣ метавонад бигӯяд, ки ин шахс аз рӯи Қуръону Конситутсия амал ва зиндагӣ мекард? Инро касе гуфта наметавонад, агар гӯяд ҳам, дурӯғ мегӯяд. Дуруст аст, ки Зайд Саидов як тоҷири муваффақ буд. Атрофи ин қазия гапҳо зиёд. Ҳоло дигар бояд муфассалтар баромад кунанд. Азбаски моҳҳои охир аз ин қазия зиёд гуфтанд, пас, ҳоло ба мардум расонанд, ки он чӣ буд: Ҳақиқат ё қасдгирӣ? Вой, бар ҳоли онҳое, ки корашон ба чунин вакилони дифои “чалласавод” мерасад. Коре аз дасти ин вакилон наомад.”
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ, раиси Ҳизби сотсиалист:
“Ман ин ҷо додрас ва ё додгоҳу додситон нестам, ки бигӯям чӣ камбудӣ ва ё норасоие инҷо ҳаст. Ман наметавонам қазияро пурра мавриди баррасӣ қарор диҳам. Ҳадди ақалл барои он ки тамоми далели парвандаро надидаам. Дуруст аст, ки Зайд Саидов барои рушди Тоҷикистон ҳамчун як соҳибкор мавқеи муаяйн дошт. Он чизе, ки ман медонам, навиштаи рӯзномаву маҷаллаҳост. Агар додгоҳ дар нисбат ба Зайд Саидов ҳукми ғайриқуонунӣ баровард, пас, вакилон бояд аз болои он ба мақомҳои болоӣ шикоят бубаранд. Дуруст ё нодуруст буданро ман на ҳамчун раҳбари сиёсӣ ва на ҳамчун шаҳрванд наметавонам қазоват кунам. Агар тамоми он айбномаҳое, ки дар баробари Зайд Саидов эълон карданд, дуруст бошад, пас, ман аз ҳукми баровардаи Додгоҳи олӣ дастгирӣ мекунам. Агар он туҳмат дар ҳаққи Зайд Саидов бошад, ман ҳеч гоҳ чунин ҳалномаи додгоҳиро тарафдорӣ нахоҳам кард.”