Тадобири шадиди амниятӣ дар рӯзи шикояти вакилони Зайд ба Суди Олӣ
Дар пайи овозаҳо оиди баргузории гирдиҳамоӣ ба тарафдории Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон имрӯз, 30-юми декабр тадобири амниятӣ дар маҳаллаи Сирки Душанбе, наздикиҳои бинои Суди Олии Тоҷикистон пурзӯр шудаанд.
Ба иттилои шоҳидон назди бинои Суди Олӣ теъдоди зиёди кормандони пулис бо мошину таҷҳизоти махсуси амниятӣ ҳозир шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав, ки раҳбарияшро соҳибкор Зайд Саидов бар ӯҳда дораду ахиран ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, хабари таҷаммӯи дӯстону тарафдорони ӯ дар назди Додгоҳи олиро иғво донистанд. Рӯзҳои охир дар Фейсбук иттилое давр мезанад, ки гӯиё субҳи 30 декабр, замоне ки вакилони мудофеи Зайд Саидов аз болои ҳукми додрас Шавкат Абдулхайров ба Додгоҳи олӣ шикоят мебаранд, тарафдорони ӯ гирди ҳам хоҳанд омад.
Аммо Маҳмудҷон Қосимов, муовини раҳбари зиндонии гурӯҳи ташаббускори таъсиси Тоҷикистони нав пахши ҳамагуна эълон дар бораи таҷаммӯъро кори манфиатхоҳон донист. Ӯ гуфт, “ин заррае воқеият надорад. Намедонам, ин пахши эълон аз тарафи кӣ ва ё киҳо сарчашма мегирад. Ин амал берун аз доираи қонунгузорӣ аст. Аз ин хотир, дар ҳама сӯҳбатҳо аз тарафдорон ва аъзои гурӯҳи Тоҷикистони нав даъват мекунам, то ба ҳар амали иғво дода нашаванд." Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)