баргард чоп кардан

Ҳузури дубораи Муҳаммад Мурсӣ дар додгоҳ

Додгоҳи таҷдиди назари Қоҳира санаи баргузории мурофиаи Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури “барканоршуда”-и Мисрро 28 январи соли ҷорӣ эълон кард.

Тибқи иттилои Шабакаи телевизионии “ал-Ҷазира”, дар ин мурофиа Муҳаммад Мурсӣ ҳамроҳ бо 130 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар, ки дар қазияи маъруф ба “Фирор аз зиндон” гӯиё дастандаркорони аслӣ маҳсуб мешаванд, ҳозир хоҳанд шуд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Додгоҳи ҷиноии Қоҳира муҳокимаи Муҳаммад Мурсӣро то 8 январи соли 2014 ба таъхир гузошта буд. Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, ин мурофиаи додгоҳии Мурсӣ ба хотири худдории ӯ аз ба бар намудани либоси маҳбусӣ ва пофишорияш барои раисиҷумҳури қонунӣ будани Миср ба таъхир гузошта шуд. Муҳаммад Мурсӣ бо либоси расмӣ ба додгоҳ ҳозир шуда, аз пӯшидани либосҳои маҳбусӣ худдорӣ карда буд.

Артиши Миср Муҳаммад Мурсиро, ки баъд аз ҳукумати 32-солаи Ҳуснӣ Муборак ва дар натиҷаи интихоботи президентӣ ба рақибонаш пирӯз шуда, ба курсии раёсати ҷумҳуршвар нишаста буд, аз мақомаш барканор кард. Абдулфаттоҳ Сисӣ, фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Миср шомгоҳи чаҳоршанбе, 3-юми июн, бо қироати баёнияе тасмими артишро ба иттилои мардум расонда буд. Мақомоти қудратии Миср баъд аз барканор кардани Мурсӣ ӯро боздошт ба ҷойи номуайян интиқол доданд.

Раисиҷумҳури баргузидаи мардуми Миср дар он замон, яъне баъд аз ҳукми артиши мисрӣ дар борааш аз шаҳрвандони худ даъват карда буд, ки ба Қонуни асосии Миср эҳтиром гузошта, аз ҳаргуна тазоҳуроти хушунатомез ва рехтани хуни фарзандони миллати худ даст кашанд. “Зеро ин амал боз Мисрро дубора ба ақиб мебарад”,-гуфтт ӯ. Инчунин афзуда буд, ки шаҳрвандони Миср, ки мехоҳанд, кишварашонро ба як давлати демократӣ бирасонанд, ҳеч гоҳ ба ин гуна иқдомот даст нахоҳанд зад ва аз нерӯҳои артиши Миср даъват кард, то пеши роҳи хунрезиро дар Миср бигиранд.