Куштори як нафар дар коргоҳи оҳангарии Турсунзода
Деҳқонбой Мамадҷонови 28-сола, сокини ҷамоати 1-Майи шаҳри Турсунзода мавриди ҷустуҷӯи кормандони милиса қарор дорад.
Тибқи иттилои ВКД, номбурда охири ҳафтаи гузашта дар маҳаллаи-5, кӯчаи Кателний назди дӯкони оҳангарии падарарӯсаш Раҳимбоев Маъруф, истиқоматкунандаи ҷ/д 1-Май, оиладор, оҳангар аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо корди хоҷагӣ 2-маротиба ба қафаси сина, 1-маротиба ба тарафи рости гарданаш задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Далели шайъӣ гирифта шуд. Барои дастгир кардани Деҳқонбой Мамадҷонов чораҳои фаврӣ ҷустуҷӯи идома дорад.{jathumbnail off}