баргард чоп кардан

Сапармурод нишони биринҷии мусобиқоти ҷаҳонии шоҳмотро ба Туркманистон бурд

Сапармурод Отабоев, шоҳмотбози навраси туркман дар сабқати ҷаҳонии шоҳмот миёни наврасон, ки дар шаҳри Ал-Оини Аморати муттаҳидаи Араб баргузор шуд, соҳиби мақоми сеюм гардид.

Бино ба иттилои расонаҳои Туркманистон мусобиқа бо низоми швейтсарӣ дар 11 давр ҷараён гирифта, Отабоев дар ҳеч қувваозмоие мағлуб нашудааст. Ӯ 7 даврро ба манфиати худ анҷом дода, 4 даври дигарро мусовӣ карда ва 9 имтиёз гирифтааст.

Отабоев қаҳрамони феълии Осиё мебошад.