баргард чоп кардан

Зоиров: "Аз таъини Холиқназаров интизории зиёде надорам"

Худойбердӣ Холиқназаров, дар гузашта намояндаи мухолифин, ки чанд соли охир муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон буд, ахиран ба курсии раҳбари ин Марказ нишаст. Вай дар ин мақом Бобохон Маҳмадовро иваз намуд, ки баъд аз барканории Сӯҳроб Шарифов таъин шуда буд. “Озодагон аз соҳибназарон пурсид, ҳоло аз таъини оқои Холиқназаров ба ҳайси раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ чиро интизоранд?


Раҳматилло ЗОИРОВ, раиси Ҳизби сотсиал-демократ:

“Аз раиси нави Маркази тадқиқоти стратегӣ шудани Худойбердӣ Холиқназаров чандон интизориҳои зиёд надорам. Аммо бояд гуфт, баъд аз Бобохон Маҳмадов таъини Худойбердӣ Холиқназаров ба ин вазифа мутобиқ аст. Агар давоми чанд сол ин мутахассис тарсу нашуда бошад. Агар бо дили пур кор кунад, фикр мекунам, барои идораи ҷараён ва муносибат бо ҷомеа аз салоҳияти худ истифода карда метавонад. Ба Холиқназаров муваффақият мехоҳам. Одами обутобёфта аст, агар ба тарафи манфӣ наравад. Вақт нишон медиҳад, ки кадом хислати худро истифода карда метавонад. Дуруст ё нодуруст истифода шудани салоҳияташро танҳо вақт нишон хоҳад дод.”

Фаррух УМАРОВ, корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ:

“Интизороти ман ҳамин аст, самтҳои стратегие, ки аз ҷониби раисиҷумҳур таъин шудааст, ҳамаи он амалӣ мегардад. Бо тағйир ёфтани кадрҳо сиёсат дигар намешавад. Он мавқеи сиёсие, ки Тоҷикистон ҳоло дорад, он идома хоҳад дошт. Ягон дигаргунии радикалӣ ба вуқӯъ намепайвандад.”

Абдураҳмон ХОНОВ, вакили Маҷлиси Намояндагон:

“То ҷое медонам Маркази тадқиқоти стратегӣ аз ҷумлаи мақомоте ҳаст, ки дар он элитаи зиёиёни тоҷик ҷамъ шуда ва муҳимтарин масъалаҳоро баррасӣ мекунанд. Роҳбари наве, ки таъин гардид, собиқаи хуби корӣ ва як шахсияти бисер закиву донишманд буда, инсоне ҳаст, ки аз тамоми дониши муосир бархӯрдор аст. Боз як таҳаввулот, дигаргунӣ дар ин ниҳоди ҷамъиятӣ рӯи кор хоҳад омад. Дар масоиле машғул мешаванд, ки ояндаи давлату миллат аз он вобастагиҳои зиёд дорад.”

Моро ҳамроҳӣ кунед:

Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)