Раҳимов гуфт, президент аз кори пулис дар соли 2013 розист
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 10-уми январ, зимни ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти ниҳоди зертобеяш аз кори маъмурини пулис дар соли 2013 изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКД Раҳимов зимни ҷаласа изҳор дошт, ки «соли 2013, соли баргузории як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва байналмилалӣ буд, ки дар он кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, тартибот ва амнияти ҷомеаро таъмин карда тавонистанд.”
Вазир афзудааст, ки кори мақомот дар умури ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соли гузашта аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мусбат баҳогузорӣ гардид: “Ин қадршиносиро мо бояд бо хизмати софдилона ва поквиҷдононаи худ ҳамеша сазовор бошем».
Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, айни ҳол ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти ин ниҳод идома дорад.