баргард чоп кардан

100.000 сомонии «Амонатбонк»-ро гирифта бозпас нагардонидаанд

Зимни як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз сӯи кормандони милиса дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шаҳрванд  Умеда Ҷалиловаи 24- сола дастгир карда шуд.


Тавре ба «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, ӯ сокини  кӯчаи  Фирдавсӣ буда, айни замон дар ягон ҷо кор намекунад. Зимни амалиёт муайян карда шуд, ки номбурда  моҳи октябри соли 2007-ум бо мақсади тасарруфи амволи ғайр шиносномаи техникии манзили истиқоматиашро бо роҳи пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, тибқи шартнома аз шўъбаи №-06 «Амонатбонк»-и ноҳияи Фирдавсӣ маблағи пулиро ба миқдори 100 000 сомонӣ (сад ҳазор)-ро  ба сифати қарз  мегирад. Маблағҳои аз «Амонатбонк» гирифтаашро  ба манфиати худ сарф намуда, бозпас нагардонидааст.  Феълан,  нисбати Умеда Чалилова парвандаи ҷиноӣ бозгардида, тафтишот идома дорад.  {jathumbnail off}