баргард чоп кардан

SoS: Боз як ҳамватанамон дар шаҳри Маскав қурбон шуд

Боз 1 шаҳрванди Точикистон дар Маскав ба қатл расид.


Сокини ноҳияи Бохтар, хочагии Файзали Саидов, шўъбаи 4, Баҳриддин Ӯрозов аз сўи афроди номаълум дар пушти бозори машҳури «Митиши»-и Маскав мавриди таҳқиру латукўб қарор гирифта, ба қатл мерасад. Аз оне ки сару рўи ўро тамоман пачақ карда, чеҳраашро тамоман дар ҳолати  ногувор қарор додаанд, эҳтимол меравад , Баҳридини ҷавонмарг мавриди ҳамлаи скинҳедҳои рус қарор гирифта бошад.

Дар ҳамин ҳол шиносҳои Баҳриддин ба хабарнигори «Озодагон» дар шаҳри Маскав гуфтанд, ки рўзи 2-юми август Баҳриддин барои интиқоли маблағ ба сўи бозори Митишӣ рафта, бедарак шудааст ва ҷасади ўро шабона аз пушти бозор пайдо кардаанд. Шояд қатли Баҳриддин ба пули зиёди ҷайбаш низ иртибот дошта бошад. Баҳриддин Ўрозов дар Маскав муздурӣ карда, маблағи таъминоти оилаашонро  таҳия мекардааст. Як точик писар, ки нахост номаш ифшо шавад гуфт, бо кўмаки ҳамкорон аз ноҳияҳои  Ҷилликўл, Бохтар ва  шаҳри Қўрғонтеппа барои интиқоли ҷасади Баҳриддин талош кардаанд ва ҳамчунин сафорати Точикистон дар Маскав низ барои интиқоли ҷасад ба Тоҷикистон кўмак  кардааст.  {jathumbnail off}