баргард чоп кардан

Боздошти қочоқчиёни қирғиз ва танбаи мошинҳои боркаш дар марз

Ду шаҳрванди Қирғизистон ба иттиҳоми қочоқи коло аз Тоҷикистон ба ватан боздошт шудаанд.

Тибқи иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, аскарони ин ниҳод танҳо дар давоми як рӯз-санаи 18 январи соли ҷорӣ ду ҳамватани худро ба иттиҳоми убури ғайриқонунии марз ва қочоқи коло аз Тоҷикистон ба ватан боздошт кардаанд. Манбаъ мегӯяд, яке аз боздоштшудагон қасди ворид кардани беш аз се тона мандарин аз Тоҷикистон ба Қирғизистонро доштааст.

Боздошти шаҳрвандони Қирғизистон ба иттиҳоми қочоқи коло аз Тоҷикистон дар ҳолест, ки мақомоти ин кишвар дар пайи тирпарониии 11 миёни марзбонони ду ҷониб дари марзҳои худро бастааст. Аз сӯи дигар, расонаҳои хабарии ин кишвар аз танба шудани беш аз 100 мошини боркаш дар навоҳии марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон хабар медиҳанд. Аммо мақомоти қирғиз ин хабарро рад карда, аз додани тавзеҳот дар ин бора худдорӣ мекунанд.

Тирпаронӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз зуҳри 11 январи соли ҷорӣ рух дода, дар пай аз ду ҷониб ҳашт захмӣ боқӣ гузоштааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфта буд, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд. Вале ҷониби Қирғизистон ҳамоно барои айбдор кардани марзбонони тоҷик дар ин ҳодиса исрор дошта, ахиран сафири худ дар Дуашнберо низ ба ватан бозхондва дарҳои марзи худ бо Тоҷикистонро бастааст. Ин ҳама пофишории Бишкек барои айбдоркунии Душанбе дар ҳолест, ки ин тирпаронӣ дар қаламрави Тоҷикистон, дар маҳалли Хоҷаи Аълои Исфара, сурат гирифтааст.