VIDEO: Абдуллоев парвандаи Зайдро “вазнин” ва иддаои вакилони ӯро “дурӯғ” хонд
Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар ҷараёни нишасти хабарии рӯзи 21 январ иддаои вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшударо, ки аз дастрас накардани матни ҳукми нафари таҳти ҳимояташон шикоят доранд, дурӯғ гуфт.
Абдуллоев гуфт, ҳукми пурраи Зайд Саидов ба вакилони мудофеаш пешниҳод шуда, аммо онҳо худашон аз гирифтани он худдорӣ кардаанд. “Бояд вакилони дифоъ баёнот менавиштанд, ки ҷузъиёти ҳукми додгоҳиро оммавӣ намекунанд, чун парванда вазнин буд”,-афзуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, гуфт, онҳо то ҳол нусхаи ҳукми Додгоҳи олиро дастрас накардаанд ва ин яке аз монеаи аслӣ барои бурдани шикояти кассатсионист. “Мо шикояти комил карда наметавонем, чун ҳоло нусхаи ҳукмро нагирифтаем. Ин ки ҳукмро ба мо намедиҳанд, худ нақзи қонун аст, вале ҳеч кор карда наметавонем”,-афзуд ӯ.
Шавкат Абдулхайров, раисикунандаи мурофиаи Зайд Саидов, ки дар ин нишасти хабарӣ ҳузур дошт, низ дар ин бора изҳори назар кард. Аммо вай ба суоли хабарнигорон дар бораи он ки чаро ҳангоми эълони ҳукми Саидов хабарнигорони телевизионҳои давлатиро монда, аз вуруди хабарнигорони мустақли ҷилавгирӣ кардааст, посухи дақиқ надод. Вай фақат бо ишораи он ки ин савол ба ӯ дахл надорад, аз ҷавоб гуфтан худдорӣ варзид.
Додгоҳи олии Тоҷикистон Зайд Саидовро 25 декабри соли гузашта ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард. Зайд Саидов, баҳори соли 2013, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” боздошт ва барои қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, ришват, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус муттаҳам дониста шуд.