баргард чоп кардан

Дар як сол 5 додраси тоҷикро ба зиндон маҳкум кардаанд

Додгоҳи Олии Тоҷикистон мегӯяд, тайи соли 2013-ум ба иттиҳоми қаллобӣ ва гирифтани ришва 5 судя ё худ додрас боздошт ва маҳкум гардиданд.

Дар ин бора имрӯз, 21-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи Олӣ хабар дода, афзуд, ки миёни боздоштшудагон 4 нафарашон соли гузашта ва як нафар соли равон маҳкум шуд.

Дар миёни боздоштшудагон Иброҳимов Ҳазратулло, муовини раиси суди вилояти Бадахшон, Муродҷон Соҳибов, додраси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, Дилшод Рафиев, додраси Бобоҷон Ғафуров, Тешаев. Ш додраси Ваҳдат ва Алимов додраси додгоҳи ноҳияи Нурообод номбар мешаванд, ки бештар дар қаллобӣ даст доштаанд.