баргард чоп кардан

Шӯрообод: Афғонҳо боз як шаҳрванди Тоҷикистонро гаравгон гирифтанд

Як гурӯҳи мусаллаҳи афғонӣ дар мавзеи Навободи рустои Қавоқи ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод марзшиканӣ кардаанд.


Бино ба қавли хабарнигори маҳаллии «Озодагон» афғонҳо як сокини ҳамин русторо бо исми Амирхон бо тарзи зӯрӣ бо худ гирифта, ба самти номуайян бурдаанд. Амирхон Икромов, раиси ноҳия мегӯяд, дар ин маврид ҳукумати ноҳия ахбори муайяне дар даст надорад ва аз ҳоли ӯ бехабар мондааст. Ба андешаи ӯ, дар ин ҳолат шӯъбаи амнияти миллии ноҳия дар якҷоягӣ бо сарҳадбонони мавзеъ амалиёти муштарак бурда истодаанд. Аскаршоҳ Наврӯзов, сардори шӯъбаи амният гуфт, сабабҳои рабудани шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби шахсони номаълум ҳанӯз норӯшан боқӣ мемонад. Аммо муайян гаштааст, ки ин амали гурӯҳи марзшикани афғонӣ мебошад, ки ғайриқонунӣ сарҳади моро убур кардаанд.  

Дар ҳамин ҳол, Хушқадам Қадамов, сардори қисми ҳарбии сарҳадбонон дар мавзеи Шӯрообод дар сӯҳбати тилфонӣ гуфт:  «Тибқи фарзияҳо ва иттилое, ки мо дорем, марзшиканон ва одамрабоён ҳанӯз сарҳадро ба қасди Афғонистон убур накардаанд, яъне афғонҳои одамрабо ҳоло дар хоки моанд». Қадамов мегӯяд, дар ҳоли ҳозир мавзеи сарҳадӣ, ки эҳтимоли шикасти хатти марзро дорад, аз ҷониби сарҳадбонон таҳти ҳимояи пурзӯр қарор гирифтаст. «Гумон дорем, то шоми имрӯз сарҳадшиканон дастгир хоҳанд гашт»,- афзуд  Қадамов.  {jathumbnail off}