Раҳматилло Зоиров: "То 20 моҳи дигар раисиро канор мегузорам"
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), бо пахши изҳороте гуфтааст, раёсати ӯ тирамоҳи соли 2015, яъне баъд аз 20 моҳи дигар, ба поён мерасад ва ӯ ҳатман вазифаашро канор хоҳад гузошт. Ӯ бо зикри ин нукта солҳои 2014 ва 2016-ро барои ҳизбаш соли ислоҳоту навсозӣ унвон кардааст.
Оқои Зоиров дар изҳороти худ, ки рӯзи якшанбеи 26 январ интишор додааст, гуфта, ки Шӯрои сиёсии ҳизбаш моҳи декбари соли 2015 ҳатман раҳбари наверо интихоб хоҳад кард. “Раиси ҳизб ҳар касе аз аъзои Шӯрои сиёсӣ ва ё ҳар фаъоли ҲСДТ метавонад бошад, новобаста аз ин ки номзад ба раис аз марказ аст ё аз нуқтаи дигари кишвар, дар дохили кишвар зиндагӣ мекунад ва ё дар муҳоҷират қарор дорад”,-афзудааст ӯ.
Раҳбари кунунии ҲСДТ гуфтааст, дар интихоботи парлумонии соли 2015 низ рӯйхати ҳизбии онҳо на бо номи раис, балки бо номи наве оғоз хоҳад ёфт. Анҷумани пешазинтихоботии ҲСДТ, ба гуфтаи Зоиров, моҳи декабри соли 2014 баргузор мешавад ва дар он рӯйхати нави ҳизбии ҲСДТ тасвиб мегардад. “Албатта, масъалаи интихоби раиси нави ҲСДТ аз бисёр ҷиҳат аз натиҷаҳои интихоби намояндагони ҲСДТ ба мақомоти интихобии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба Маҷлиси намояндагон, вобастагӣ дорад. Дар ҳоли ҳозир ман метавонам танҳо як нуктаро равшан баён дорам: ин рӯйхат бо номи намояндаи нави ҲСДТ, ки ӯ ҳатто мумкин аст яке аз занҳои фаъоли ҳизб бошад, оғоз мегардад. Аммо барои ман мӯҳлати иҷрои вазифаи раиси ҲСДТ дар тирамоҳи соли 2015 ба охир мерасад”,-илова кардааст ӯ.
Зоиров дар идома гуфтааст, “солҳои 2014-2016 барои Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон солҳои навсозӣ хоҳанд шуд! Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ҳоли ҳозир шумораи кофии фаъолоне парварда шудаанд, ки метавонанд ба таври шоиста ҳам дар аввали рӯйхати ҳизб бошанд ва ҳам ҳизбро роҳбарӣ намоянд. Бо вуҷуди ин, кори тарбияи кормандон, бавижа аз ҳисоби ҷавонон, вогузор кардани самтҳои муҳим ба ҷавонони масъулиятпазир идома ва устувортар хоҳад ёфт.” Раиси кунунии ҲСДТ афзудааст, 20 моҳи боқимондаи раёсати худро барои тарбия, интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва пешбарии раҳбарони нави ҳизбӣ сарф хоҳад кард. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)