Истеъфои Абдуқодири Абдуқаҳҳор аз раҳбарии "Пойтахт"
Абдуқодири Абдуқаҳҳор -- директори телевизиони “Пойтахт” баъд аз мулоқоташ бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, рӯзи 27 январи соли ҷорӣ аз мақоми худ истеъфо додааст. Оқои Абдуқаҳҳор дар як тамоси телефонӣ бо “Озодагон” гуфт, аз вазифаи директори “Пойтахт” ба он хотир истеъфо дод, ки мехоҳад ҷои корашро иваз кунад.
Ӯ таъкид намуд, ин тасмим аз ҷониби худаш гирифта шудааст ва аз шарҳи бештар худдорӣ намуд. Телевизиони “Пойтахт” шабакаи иттилоотӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ба шумор рафта, дар аҳди Абдуқодири Абдуқаҳҳор, ки охирҳои соли 2012 ба ин мақом таъин шуд, барномаҳои худро 20 соат дар як шабонарӯз пешкаши бинандаҳо мекард. Аммо пас аз чанде, бахусус баъд аз пахши навор дар бораи Глурухсор Сафиева, аз фаъолият бозмонд ва дуюмбора танҳо бо пахши 8-соатаи барномаҳо фаъол шуд.
Гуфта мешавад, истеъфои Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар пайи “якдигарнофаҳмиҳо” бо шаҳрдорӣ дар мавриди фаъолияти ин шабака сурат гирифтааст, ки тибқи хостаи шаҳрдорӣ ин шабака бояд соҳавӣ мешуд, аммо Абдқаҳҳор ба он розӣ нашудааст. Феълан вазифаи Абдуқодири Абдқаҳҳорро Шаҳло Мӯсоева -- мудири бахши фарҳанги ҳукумати Душанбе иҷро мекунад.
Телевизиони “Пойтахт” соли 1996 таъсис ёфта, муассисаш ҳукумати шаҳри Душанбе мебошад. Дар аввал раҳбарии ин телевизионро Раҳмон Остон бар ӯҳда дошт ва соли 2012 курсияшро ба Абдуқодири Абдуқаҳҳор дод. Оқои Абдуқаҳҳор то замони омаданаш ба телевизиони “Пойтахт” ба ҳайси директори Радиои Тоҷикистон кор мекард ва дар Шабакаи аввали телевизиони кишвар барномаи “Гурӯғлӣ”-ро бар ӯҳда дошт.Аксҳо аз саҳифаи Фейсбуки Абдуқодири Абдуқаҳҳор Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)