баргард чоп кардан

Муҳандису табибу роҳсоз барои Тоҷикистон зарур аст

«Муносибат бо Эрон, ки шарики стратегии Тоҷикистон мебошад, дар сатҳи олӣ қарор доранд ва ҳамкориҳо дар самтҳои зиёд ва қабл аз ҳама, дар соҳаҳои иқтисод ва илму фарҳанг пеш мераванд».

Дар ин бора, сафири Тоҷикистон дар ҷумҳурии исломии Эрон Давлаталӣ Ҳотамов зимни мулоқоташ бо ҳайати ширкатдорони намоишгоҳи имсолаи китоб дар Теҳрон иброз дошт. Бо ишора ба аҳамияти чорабинии мазкур, ки дар он китобҳои зиёди нашри Эрон ва кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба намоиш ва фурӯш гузошта шудаанд,  Ҳотамов гуфт, ин имконияти хубе барои густариш додани ҳамкориҳо, хусусан дар соҳаи илму маориф ва паҳн кардани дониш аст.

 

Дипломати тоҷик зикр намуд, ки китоб, илму дониш асоси пешрафти ҷомеа мебошанд ва ба ин хотир зарурати бештар рӯ оварданро ба илмҳои дақиқ, техника ва технологияҳои нав, истифодаи васеи илм дар истеҳсолот таъкид намуд. Дар пайвастагӣ ба ин мавзӯъ Д. Ҳотамов ёдовар шуд, ки ҳоло дар Эрон 104 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки 96 нафари онҳо муҳассилини ихтисосҳои илмҳои ҷамъиятӣ ва забон мебошанд. Ба андешаи ӯ, дар Эрон, ки техника ва технологияи пешрафта, пойгоҳи илмию таълимии замонавӣ дорад, хуб мешуд, ки ҷумҳурии мо мутахассисони соҳаҳои техникӣ ва истеҳсолӣ, муҳандисон, табибон, роҳсозон ва дигар ихтисосмандони барои рушди иқтисоди Тоҷикистон заруриро омода кунад.
Дар ҳошияи намоишгоҳ қисми ҳайат бо нахустин сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ , ки ҳоло раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон мебошад, вохӯрӣ намуд. Қобили қайд аст, ки анҷумани зикршуда дар ҳамкорӣ бо сафорати Тоҷикистон дар намоишгоҳ ғурфаи алоҳида боз намудааст ва Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.