Нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боз қимат мешавад
Усмоналӣ Усмонов, вазири энержӣ ва захираҳои об дар Тоҷикистон, гуфт, мақомот ният доранд, нархи истифода аз нерӯи барқро дар кишвар боло бубаранд.
Усмонов дар нишасти хабарии 30 январ изҳор дошт, бо қарори ҳукумат кумисюни махсус ба омӯзиши ин масъала машғул аст ва ояндаи наздик нархҳои нави барқ дар Тоҷикистон пешниҳод хоҳанд шуд. Вазир болоравии нархи барқро барои беҳбуди вазъи молии умури энержӣ муҳим арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, феълан нархи барқ дар Тоҷикистон арзонтарин дар минтақа аст.
Ин дар ҳолест, ки тарифҳои феълии барқ дар Тоҷикистон моҳи апрели соли 2011 ҷорӣ шуданд, ки тибқи он нарх барои мардум 11 дирам сари ҳар киловат муайян шудааст. Феълан гуфта мешавад, нархи барқ 20 дарсад боло хоҳад рафт, аммо вазир инро таъйид накард ва афзуд, ҳаҷми афзоиши тариф дар доираи салоҳияти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)