Талаби созмонҳои журналистӣ аз ҳукумат нисбат ба Ҳукумов
Иттиҳодияи журналистон ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон рӯзи 4 феврал бо пахши як баёния аз таҳдидҳои Амонулло Ҳукумов, ҳоло собиқ раиси “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, ба хабарнигорони “ИмрӯзNews” нигаронӣ карда, аз бефаъолиятии мақомот нисбат ба ӯ интиқод намуданд.
Дар баёнияи созмонҳои хабарнигорӣ омадааст, намояндагони “ИмрӯзNews” ба тамоми ниҳодҳои дахлдори давлатӣ муроҷиат кардаанд ва созмонҳои хабарнигорӣ умед доранд, мақомот ба изҳороти Ҳукумов баҳои ҳуқуқӣ хоҳад дод.
Ин созмонҳо омодагияшонро барои дастгирӣ аз “ИмрӯзNews” таъкид карда, изҳор доштаанд, то охир қазияи таҳдиди Ҳукумовро ба хабарнигорон пайгирӣ хоҳанд кард. Амонулло Ҳукумов, собиқ раҳбари корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон, рӯзи 29 январ зимни нишасти матбуотӣ, вақте сухан аз писараш Рустам Ҳукумов рафт, ба нашрияи “ИмрӯзНюз” ҳушдор дода, аз онҳо хост, эҳтиёт бошанд.
Раҳбари корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт, “медонам, соҳиби “ИмрӯзНюз” кист, вале ба ҳар ҳол эҳтиёт кунед.” Ӯ аз қазияи пирӯз шудани Рустам дар баҳси додгоҳӣ бо “ИмрӯзНюз” ёдовар шуда, илова кард, “ӯ ҳанӯз ин маблағи ҷубронро талаб накардааст.” Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, дар авохири соли 2011 рӯзномаи “ИмрӯзNews”-ро дар паст задани шарафи худ муттаҳам карда, аз додгоҳ хоста буд, шаъни ӯро барқарор кунад ва 50 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ бирӯёнад. Баъдан ин баҳси додгоҳӣ ба нафъи ӯ ҳал гардид.Дар акс: Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)