баргард чоп кардан

Дастгир шудани гуруҳи ғоратгарони “Амонатбонк” дар Душанбе

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гуруҳи муташаккил дар Душанбе хабар дод, ки дар ғорати бонки давлатии “ Амонатбонк” муттаҳам мешаванд.

Ба иттилои манбаъ рӯзи 3-юми феврали соли равон аз ҷониби мақомоти пулиси Душанбе, шаҳрвандон, Сайдалиев Бобоҷон Ҳусейнович соли таваллудаш 1983, сокини кӯчаи Шарқ, Убайдуллоев Ҷамшед Буриевич соли таваллудаш 1977, сокини кӯчаи Ҷ.Раҳим, Турдизод Оламафрӯзи Қурбоналӣ соли таваллудаш 1992, сокини кӯчаи Ғафурови пойтахт ва Сангалӣ Эмомалии Мирзозода соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Данғара ҳамчун гумонбар дар дуздӣ дастгир карда шуданд.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ ин гуруҳи муташаккил, санаи 24-уми январ бо тариқи шикастани қулфи дари хазинаи филиали №2-и «Амонатбонк», воқеъ дар кӯчаи Деҳлавӣ вориди он гардида, аз дохили сандуқҳои оҳанин 127090-сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ин ниҳод мегӯяд, феълан алайҳи боздоштшудагон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)