Сониҳа ҷони як нафарро гирифта, 5 каси дигарро захмӣ кард
Бар асари садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Ваҳдат як нафар қурбон шуда, 5 тани дигар захм бардошт.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз раёсати БДА-и ВКД иттилоъ додаанд. Бино ба хабари манбаъ рӯзи 10-уми август соати 13:30 дақиқа ронандаи автамашинаи тамғаи «Опел-вектра» Хуршед Пиров ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Норак ба ҷониби Ваҳдат дар километри 4-уми роҳ ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Деево Лиганзе» таҳти идораи Саидҷаъфар Қурбонов бармехӯрад. Бар асари ин ҳодиса мусфири автомашинаи «Опел» Олим Гадоеви 44 сола аз ҷароҳати вазнин дар маҳали ҳодиса мефавтад. 5 мусофири дигарро бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона интиқол додаанд. {jathumbnail off}