Манбаъ афзуд, дар асоси мактуби раиси ҷамоати «Ёрӣ» ҷиҳати тақсими қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳои заминсозии ин ҷамоат аз ҷониби мутахассисони кумитаи заминсозии шаҳри Панҷакент таҳлил карда шуда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Панҷакент ирсол гардидаанд. Аз рўи ин ҳуҷҷатҳо ба нафарони эҳтиёҷманд аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзии хоҷагии ҷамоати Гулбойи деҳаи Дашти Қозӣ қитъаи замини наздиҳавигӣ ҷудо хоҳанд кард. Додану гирифтан ва вобастакунии қитъаи заминҳои ғайрикишоварзӣ тибқи талаботи моддаи 7 ва 26-и кодекси замин ба салоҳияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Панҷакент гузошта шудааст.{jathumbnail off}