баргард чоп кардан

Шоҳқосим Шоисломов, сафири Узбакистон, дар сӯҳбати Аслов

Сироҷиддин Аслов, вазири нави умури хориҷии Тоҷикистон, 14 феврал бо Шоҳқосим Шоисломов, сафири Узбакистон дар Душанбе, мулоқот анҷом додааст. Масъулони вазорат аз ҷузъиёти ин сӯҳбат худдорӣ карда, танҳо мегӯянд, ки ҷонибҳо равобити Тошканду Душанберо баррасӣ намудаанд.

“Масъалаҳои муҳими робитаҳои дутарафа мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷонибҳо дар бораи ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақаӣ низ табодули афкор намуданд”,-навиштааст торнамои Вазорати умури хориҷӣ. Вале як манбаъ аз вазорат мегӯяд, ин сӯҳбати Шоисломов хос ё ғайриинтизор набуда, дар доираи дидори вазири нави умури хориҷии Тоҷикистон бо сафирони кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе сурат гирифтааст.

Аз ин пештар, рӯзи 27 январ, Вазорати умури хориҷии Узбакистон иттилоъ дода буд, ки ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар мулоқот бо Музаффар Ҳусейнов, сафири Тоҷикистон дар Тошканд, баррасӣ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки миёни Тоҷикистону Узбакистон ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо майл ба коҳиш доштанд, аммо дар пайи марзбандии қирғизҳо аз рӯзи 11 январ ҷониби Узбакистон бо дархости мақомоти тоҷик гузаштани мошинҳои самти Тоҷикистонро тариқи гузаргоҳҳои марзияш тезондааст.


Акс аз торнамои Озодӣ

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)