баргард чоп кардан

Беш аз 230 миллион сомониро аз муомилот бозпас гирифтанд

Бонки миллии Тоҷикистон  дар нимсолаи авали соли равон 418, 9 миллион сомониро ба муомилот баровардааст.


Тайи ин муддат бошад, 230, 4 миллион сомонӣ пулҳои коғазии корношоям ва фарсударо аз муомилот бозпас гирифтааст.Тавре аз маркази матбуотии бонки миллӣ ба хабаргузории «Озодагон»  иттиллоъ доданд, дар Тоҷикистон ҳаҷми пулҳои нақди дар муомилотбуда дар 6 моҳи ахири соли 2011-ум 2, 6 миллиард сомониро ташкил додааст.

Бино ба маълумоти манбаъ, аз ин миқдор маблағи ба муомилот  баровардашуда 21, 4 миллион сомонияш тангаҳои филизӣ мебошад. Ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки нишондиҳандаи барномавӣ  ба шумор мераванд, то охири моҳи июни ҳамин сол ба 3 миллиарду 139, 1 миллион сомонӣ  расидааст. Ин нишондод нисбат ба аввали соли ҷорӣ 5% ва дар муқоиса ба 6 моҳи аввали  соли гузашта   бошад 38, 1% афзоиш ёфтааст, афзуд манбаъ.{jathumbnail off}